Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Тоҷикистон-2019: Бозиҳои аввали даври интихобӣ баргузор шуданд

29.05.2019

: 169

Бозиҳои аввали даври интихобии Ҷоми Тоҷикистон бо иштироки дастаҳои лигаи якум ва дуюм доир гардиданд. Бозиҳои ҷавобӣ 8-9 июн сурат мегирад.

Фақат бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои “Локомотив-Помир” – “Ваҳдат” бинобар сабаби иштироки мунтахаби Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқа ба хотираи Валентин Гранаткин дар Санкт Петербург 26 июн баргузор мешавад.
Ҳашт дастаи беҳтарини даври интихобӣ ба даври ҳаштякфинал роҳхат мегиранд. Аз даври ҳаштякфинал ҳашт дастаи лигаи олӣ ба мусобиқа ҳамроҳ мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон-2019
Марҳилаи интихобӣ. Бозиҳои аввал

«Равшан» (Кӯлоб) – «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) – 1:3
Голҳо: Қурбонмаҳмад Ҷавов, 15 (0:1). Некрӯз Гадоев, 19 (1:1). Мансур Қаландаров, 55 (1:2). Эроншо Равенов, 56 (1:3).

«Исфара» (Исфара) – «Равшан» (Зафаробод) – 2:0
Голҳо: Ҳадис Қодиров, 69 (1:0). Фирдавс Мусоев, 90+1 (2:0).

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Шоҳмансур» (Душанбе) – 4:1
Голҳо: Амриддин Раҳимов, 14 (0:1). Тоҳир Малодӯстов, 17 (1:1). Тоҳир Малодӯстов, 55 (2:1). Тоҳир Малодӯстов, 67 (3:1). Муҳаммад Ризомов, 87 (4:1).

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Локомотив-Помир» (Душанбе) – 0:0

«Ҳулбук» (Восеъ) – «Файзканд» (Восеъ) – 3:2
Голҳо: Самариддин Расулов, 12 (1:0). Зоир Холматов, 77 (2:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 79 (2:1). Муҳсин Мадуллоев, 80 (2:2). Самариддин Расулов, 90+2 (3:2).

«Саройкамар» (Панҷ) – «Моҳир» (Ёвон) – 5:2
Голҳо: Хуршед Кабутов, 14 (1:0). Муҳаммадбобур Юсупов, 24 (1:1). Ҳикматулло Малодӯстов, 28 (2:1). Акмалҷон Авазов, 50 (3:1). Соҳибҷон Ваҳобов, 69 (4:1). Муҳаммадбобур Юсупов, 86 (4:2). Акмалҷон Авазов, 90 (5:2).

«Эсхата» (Хуҷанд) – «Парвоз» (Фурудгоҳи Хуҷанд) – 0:1
Гол: Шуҳрат Мирбаратзода, 32.

«Душанбе-83» (Душанбе) – «Зарафшон» (Панҷакент) – 3:0