27.05.2019
: 1168
Рӯзҳои истироҳатии 25-26 май ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳои варзишӣ доир гашт.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар Муассисаи давлатии "Маркази омодагии ҷумҳуриявии олимпӣ" мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ миёни ҷавонон ва наврасони соли таваллудашон 1999-2001 баргузор гардид. Ҳадаф аз он дарёфти чеҳраҳои нави варзишии кишвар буд.
Дар мусобиқа 105 варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои кишвар барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ миёни ҳам рақобат намуданд.
Дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин мусобиқаҳои варзишӣ миёни сарбозони қисмҳои низомии пойтахт таҳти унвони "Хизмати Ватан - ифтихори ман!" доир гашт.
Ноҳияи Муъминобод мизбони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба қайиқронӣ миёни ҷавонони соли таваллуди 2001-2003 ва 2004-2005 буд. Дар мусобиқа 75 нафар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар иштирок намуданд.
Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини тарзи озод доир гардид, ки дар он варзишгарони шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд. Мусобиқа бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе ба поён расид. Мақоми дуюму сеюмро тимҳои мунтахаби вилояти Хатлон ва Душанбе-2 ишғол намуданд.
Ғолибони мусобиқаҳо бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.