Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии навбатии “Истиқлол” бар “Хуҷанд”

Пирӯзии навбатии “Истиқлол” бар “Хуҷанд” Пирӯзии навбатии “Истиқлол” бар “Хуҷанд”

27.05.2019

: 983

25-26 май марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ гардид.

25 май ду бозӣ баргузор шуд. Барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта – дастаи “Куктош” дар бозии хонагӣ бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум бозингари тими меҳмон Отабек Каримов кушод. Баъд аз 11 дақиқа капитани “Куктош” Аҳтам Холбоев ҳисобро баробар кард. 7 дақиқа пеш аз танаффус легионери ганагии ммизбонон Мисиам Иносент ҳисобро афзуд. Голи сеюми дастаи ноҳияи Рӯдакиро Муҳиддин Одилов дар дақиқаи 71-ум ба номаш сабт кард.
Дар бозии дигар “Хатлон” дар меҳмонӣ бар тими “Панҷшер” пирӯз шуд – 3:1. Дар ҳайати тими ғолиб Парвиз Охунов ду гол зад. Як тӯби дигарро Нуриддин Ҳамроқулов вориди дарвозаи ҳариф намуд. Голи “Панҷшер”-ро низ футболбозони “Хатлон” заданд: автогол ба номи Алишер Баротов сабт шуд.
26 май ду бозии дигари даври ҳаштум доир гардид. “Истиқлол” дар майдони худ бори дигар бар тими “Хуҷанд” ғалаба кард – 2:1. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Голҳои дастаи Душанберо Шериддин Бобоев ва Зоир Ҷӯрабоев, голи тими Хуҷандро бошад, Турсуналӣ Рустамов заданд.
Бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – КМВА “Помир” мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи бозингари тими артиш Шодибек Ғаффоров турсунзодагиҳо тавассути голи Ҳасан Рустамов ҷавоб доданд.
Пас аз натиҷагирии 8 давр дар ҷадвали чемпионат мисли пеш “Истиқлол” бо 22 хол садрнишин аст. Дар ҷои дуюм “Куктош” бо 14 хол мавқеъ дорад. “Регар-ТадАЗ” (12 хол) сегонаи аввалро ҷамъбаст мекунад.
Бинобар сабаби бозиҳои рафиқонаи тими миллии кишвар бо дастаҳои мунтахабим Афғонистон (7 июн, Душанбе) ва Чин (11 июн, Гуанжоу) дар чемпионати мамлакат танаффуси сеҳафтаина ба миён меояд. Бозиҳои даври нуҳуми лигаи олӣ 15-16 июн доир мегарданд. Дар даври навбатӣ “Истиқлол” бо КМВА “Помир”, “Хуҷанд” бо “Панҷшер”, “Истаравшан” бо “Регар-ТадАЗ”, “Хатлон” бо “Куктош” вомехуранд.

   ДАСТАҲО                                             Б        Ғ        М        Б         Т/Т             Х        
 1  "Истиқлол" (Душанбе)  8  7  1  0  27/7  22
 2  "Куктош" (Рӯдакӣ)  8  4  2  2  13/9  14
 3  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  8  3  3  2  12/12  12
 4  "Хатлон" (Бохтар)  8  3  2  3  10/11  11
 5  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  8  3  2  3  9/10  11
 6  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)  8  2  1  5  7/15  7
 7  КМВА "Помир" (Душанбе)  8  1  3  4  7/13  6
 8  "Истаравшан" (Истаравшан)  8  1  2  5  6/14  5