Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот баргузор мешавад

24.05.2019

: 2735

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон соли 2019 аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор мешавад.

Мусобиқа дар 4 марҳила байни наврасони то 14-сола (писарон ва духтарон), ҷавонони аз 15 то 30-сола (писарон ва духтарон) ва калонсолон аз 30-сола боло (мардон ва занон) доир мегардад.
Марҳилаи интихобии мусобиқа аз 10 июн то 8 июли соли 2019 ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ дар сатҳи маҳал, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи умумӣ ва махсус доир мегардад. Даври дуюми мусобиқа аз 8 июл то 25 августи соли 2019 дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии якум ва марҳилаи интихобии сеюм аз санаи 5 то 25 сентябри соли 2019 ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки дастаҳои ғолиби марҳилаи интихобии дуюм сурат мегирад.
Марҳилаи ниҳоӣ аз 1 то 5 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот баргузор мешавад.
Маблағи умумии ҷоизаи Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот 100 (сад) ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пардохт мешавад. Барои ҷойи якуми даставӣ 30000 сомонӣ, ҷойи дуюми даставӣ 25000 сомонӣ, ҷойи сеюми даставӣ 20000 сомонӣ ва барои намудҳои инфиродӣ аз рӯи се синну сол 25000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.