Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Сомон Маҳмадбеков дар Гран Прии Ҳоҳҳот ширкат мекунад

24.05.2019

: 964

Имрӯз – 24 май – дар шаҳри Ҳоҳҳоти Ҷумҳурии Мардуми Чин мусобиқаи байналмилалии дзюдо аз силсилаи сабқатҳои Гран Прии Федератсияи байналмилалии дзюдо оғоз гардид, ки то 26 май идома меёбад.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз аз ҷумҳурии мо як нафар – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг иштирок мекунад. Ӯ 25 май дар даври аввал бо варзишгари Руссия Олег Бабгоев гуштин мегирад. Дар ин вазн ҳамагӣ 31 варзишгар номнавис шудаанд.
Дар мусобиқа 301 варзишгар (159 мард, 142 зан) аз 43 давлати дунё иштирок доранд ва барои 14 маҷмӯи медалҳо (7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон) ва ба даст овардани холҳои олимпӣ талош мекунанд. Федератсияи байналмилалии дзюдо, ҳамчунин ба ғолибони мусобиқа 3000 доллари ШМА, барои ҷои дуюм – 2000 ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ ҷоизапулӣ муқаррар кардааст.
Сомон Маҳмадбеков ба ҳолати 24 май дар вазни -73кг-и раддабандии олимпӣ дар ҷои 31-ум мавқеъ дорад.