23.05.2019
: 1149
23 май зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар як мавзеи хушбоду ҳавои деҳаи Пушинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сокинону фаъолони деҳа мулоқоти самимӣ доир карданд.
Яке аз иншооти арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони деҳаи Пушинг бунёд кардаанд - Маҷмааи калони майдони Парчам ва Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон мебошад. Дар ҳудуди майдони Парчам ва Нишон, ки 2,5 гектарро ташкил медиҳад, гулгашт, боғи фароғатӣ, варзишгоҳ бо 2500 ҷойи нишаст, дӯконҳо дар растаи ҳунармандон бунёд шудаанд.
Варзишгоҳ дорои 2500 ҷойи нишаст мебошад. Акнун имкон аст, ки дар ин майдон сокинон бозиҳои гуногун ва барномаҳои бошукӯҳи идона доир намоянд. Барои истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини боғи Парчам ва Нишони давлатӣ дар зери нишастгоҳҳои варзишгоҳ 18 дӯкони ҳунармандон дар растаи ҳунарҳои мардумӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Баъди ифтитоҳи варзишгоҳ ва шиносоӣ бо дастовардҳои мардум дар растаи ҳунармандон Президенти мамлакат дар назди сокинони ташаббускори деҳаи Пушинг суханронӣ карда, ифтитоҳи иншооти навро муборакбод гуфтанд. Сокинони шукргузори деҳоти Пушинг зимни баромади худ ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ташаббусҳои созанда, ғамхории ҳамешагӣ ва таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос карданд.
Дар деҳаи Пушинг, ҳамчунин таваллудхона, мактаб ба истифода дода шуда, аз ҷониби соҳибкорони деҳа як мавзеи нообод ба маркази фарҳангию фароғатии “Пушинг” - сайргоҳи мардум табдил дода шуд. Дар паҳлӯи боғчаи фарҳангӣ варзишгоҳи хурд барои бозии кӯдакону наврасон сохта шудааст. Ҳадафи бунёди майдонча ҷалби насли оянда ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Дар ин ҷо тамоми талаботи меъёрҳои бунёди варзишгоҳҳо ба инобат гирифта шудааст ва майдончаи варзишӣ ба стандартҳо мутобиқ мебошад.