23.05.2019
: 1026
Дар доираи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Бразил тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар 31-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи аввалин ноиби президенти FIFA Валентин Гранаткин, ки 4-14 июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия доир мегардад, иштирок мекунад.
Дар мусобиқа иштироки 12 дастаи мунтахаби варзишгарони соли таваллуди 2001 дар назар аст. Тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои Полша, Қирғизистон ва Россия-2 бозӣ мекунад. Зери парчами дастаи дуюми Россия тими Санкт-Петербург – ғолиби соли гузаштаи мусобиқа - баромад мекунад.
Гурӯҳи “А” аз дастаҳои Булғория, Молдова, Россия, Ҳиндустон ва гурӯҳи “В” аз дастаҳои Туркия, Эрон, Аргентина ва Юнон таркиб ёфтаанд.
Тими наврасони мо аввалин бозиашро 5 июн муқобили дастаи Қирғизистон анҷом медиҳад. Шогирдони Зайниддин Раҳимов 7 июн дар даври дуюм бо дастаи Россия-2 ва 10 июн бо наврасони Полша вомехуранд.Дар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ва як дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёбанд. Дастаҳои дигар барои ҷойҳои аз 5 то 12-ум мусобиқаро идома медиҳанд.