23.05.2019
: 1068
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) 22 май эълон кард, ки Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (AIBA) аз ҳаққи мудирияти варзиши олимпӣ маҳрум шуд ва дар баргузории мусобиқаи варзишӣ дар Токио-2020 ягон нақш нахоҳад дошт.
КБО барои мудирият ва баргузории мусобиқаи бокс дар Бозиҳои олимпии соли оянда дар пойтахти Ҷопон гурӯҳи махсус таъсис дод. Гурӯҳро президенти Федератсияи байналмилалии гимнастика Моринари Вотанабе роҳбарӣ мекунад ва системаи интихобии намуди боксро таъсис медиҳад. Марҳилаи интихобӣ моҳҳои январ-майи соли оянда муайян шудааст.
Категорияҳои аниқи вазнии олимпӣ феълан тасдиқ нашудааст. КБО барои ин муҳлати ниҳоиро охири моҳи июн муайян намуд, ҳамчунин шумораи квота барои варзишгарон низ маълум мегардад.
“Ин бисёр хабари хуш барои варзишгарони намуди бокс мебошад, чунки онҳо акнун медонанд, ки мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс доир мегардад ва системаи интихобӣ хоҳад буд, - изҳор доштааст президенти КБО Томас Бах. – Шарикони ҳамкор барои бехатар ва одилона гузаштани мусобиқот тамоми талошашонро мекунанд”.Қарори ниҳоиро дар ин бора Кумитаи иҷроияи КБО баъд аз баррасии гузориши 30-саҳифагии гурӯҳи тафтишотӣ дар ҷаласаи навбатӣ 24-26 июн қабул мекунад. Аммо интизор меравад ин фақат расмиёт хоҳад буд.