Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Суғд: Ҷоми раиси вилоят насиби кӣ шуд?

Суғд: Ҷоми раиси вилоят насиби кӣ шуд? Суғд: Ҷоми раиси вилоят насиби кӣ шуд?

21.05.2019

: 157

Дар вилояти Суғд як қатор мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд.

Мусобиқаи шоҳмот дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардид, ки дар он ба ғайр аз намояндагони Тоҷикистон, шоҳмотбозон аз кишварҳои ҳамсояи Узбекистон ва Қирғизистон низ ширкат намуданд.
Бино ба иттилои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Мастчоҳ, миёни бонувон  ҷойи якуму сеюмро намояндагони Узбекистон - Робияхон Сардорова ва Зарнигор Абдулатипова сазовор шуданд. Ҷойи дуюмро Рухшона Саидова аз Тоҷикистон ба даст овард. Миёни мардон низ ҷойи якум насиби Асилбек Собиров аз Ҷумҳурии Узбекистон гардид. Ҷойи дуюмро Маъруфҷон Иномҷонов аз Тоҷикистон ва ҷойи сеюмро Оқилбек Сотибоев аз Қирғизистон ишғол намуданд.
Мусобиқа оид ба гуштини тарзи озод миёни наврасон бошад, дар ноҳияи Ашт доир гашт. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Ба гуфтаи мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт Ҷамшед Насриддинов, мақсад аз баргузории мусобиқа тарғибу ташвиқи гуштини тарзи озод дар вилоят, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби вилояти Суғд оид ба гуштини тарзи озод мебошад.
Дар толори варзишии “Чемпион”-и ноҳияи Ҷабор Расулов мусобиқаи волейбол миёни бонувон ҷамъбаст гардид. Дар мусобиқа 12 даста аз вилоят ва Ҷумҳурии Узбекистон байни ҳам қувваозмоӣ карда, ғолибон чунин муайн гардиданд: ҷои якум - Ҷумҳурии Узбекистон, ҷои дуюм - ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷои сеюм - ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
Мусобиқа оид ба гуштини камарбандӣ дар шаҳри Бӯстон сурат гирифт. Дар он 122 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Душанбе, Суғд, Хатлон-1 ва Хатлон-2 ширкат намуданд. Дар натиҷа варзишгарони вилояти Суғд дар ҳамаи категорияҳои вазнӣ ғолиб шуда, ҷои аввалро ишғол карданд. Хатлон-1 ҷои дуюм, Хатлон-2 ҷои сеюмро сазовор гаштанд.
Ғолибон бо ҷом, медалу диплом ва ҷоизапулӣ қадрдонӣ гардиданд.