Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон 9 июн оғоз мешавад

22.05.2019

: 1192

21 май дар Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии лигаи футболи бонувони Тоҷикистон баргузор шуд.

Агар дар мавсими гузаштаи Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон ҳамагӣ 6 даста иштирок карда бошанд, пас имсол 10 даста вориди майдони сабз хоҳанд шуд, ки 7 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ мекунанд: «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқ» (Норак), «Ситора» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритӯс), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Конибодом» (Конибодом).
Чемпионат дар ду марҳила сурат мегирад ва ҳар даста бо дастаҳои дигар дубозигӣ (дар хона ва дар сафар) мекунад. Умуман, ҳар даста 18 бозӣ анҷом медиҳад.
Дар асоси қуръакашӣ дар даври аввал 9 июн «Хатлон» бо «Конибодом», «Регар-ТадАЗ» бо «Бешкент», «Барқ» бо «Равшан», «Зебонисо» бо «Чашма», «Ситора» бо «Зебо» вомехуранд.
Тамоми хароҷоти чемпионат, мисли либоси варзишии дастаҳо (ду маҷмуъ), ҳаққи хизмати доварон, хароҷоти роҳи дастаҳо, тӯбҳо аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи барномаи “FIFA Forward” пардохт мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ғолиби феълии лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе мебошад.