20.05.2019
: 1041
Марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо 19 хол аз 7 бозӣ пешсафи чемпионат мебошад.
Дар бозии марказии даври ҳафтум “Истиқлол” дар меҳмонӣ бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Голҳоро Эҳсони Панҷшанбе ва Аҳтам Назаров заданд. Як тӯби дигарро хуҷандиҳо ба дарвозаи худашон ворид карданд – автогол ба номи Асилҷон Бегимқулов сабт гардид.
Дар бозии дигар тими “Хатлон” бар дастаи “Панҷшер” бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои тими ғолибро Ҳусейн Нурматов ва Нуриддин Ҳамроқулов ба ҳадаф расонданд.
Ҳамин тариқ, марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон бо пирӯзии “Истиқлол” (19 хол) ба анҷом расид. Бо фарқияти 8 хол дастаҳои “Куктош”, “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” дар ҷойҳои 2 то 4 мавқеъ доранд.
Марҳилаи дуюм ҳафтаи оянда шуруъ мегардад. “Истиқлол” ва “Хуҷанд” боз вомехӯранд. Бозии ин дастаҳо 26 май дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе барпо мешавад. Дар ин рӯз, ҳамчунин “Регар-ТадАЗ” КМВА “Помир”-ро қабул мекунад. Як рӯз қабл – 25 май – “Панҷшер” бо “Хатлон”, “Куктош” бо “Истаравшан” вомехуранд.
ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | Х | |
1 | "Истиқлол" (Душанбе) | 7 | 6 | 1 | 0 | 25/6 | 19 |
2 | "Куктош" (Рӯдакӣ) | 7 | 3 | 2 | 2 | 10/8 | 11 |
3 | "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) | 7 | 3 | 2 | 2 | 11/11 | 11 |
4 | "Хуҷанд" (Хуҷанд) | 7 | 3 | 2 | 2 | 8/8 | 11 |
5 | "Хатлон" (Бохтар) | 7 | 2 | 2 | 3 | 7/10 | 8 |
6 | "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ) | 7 | 2 | 1 | 4 | 6/12 | 7 |
7 | КМВА "Помир" (Душанбе) | 7 | 1 | 2 | 4 | 6/12 | 5 |
8 | "Истаравшан" (Истаравшан) | 7 | 1 | 2 | 4 | 5/11 | 5 |