19.05.2019
: 1139
18 май мусобиқаи байналмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон бо пирӯзии варзишгарони Узбекистон ба анҷом расид.
Тавре аз Федератсияи тенниси кишвар хабар доданд, миёни писарон дар финал Азиз Дадабоев аз Узбекистон бар ҳамватанаш Максим Шин ғалаба кард. Миёни духтарон низ Ситора Нормуродоваи узбекистонӣ пирӯз шуд. Ӯ дар финал варзишгари Русия Ксения Огурееваро шикаст дод.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон барои дарёфти Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон 11 май оғоз гардида буд. Дар мусобиқа 98 варзишгар аз 16 давлат иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин мусобиқа 5-10 май Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон (U-18) - “Tajikistan Open” баргузор шуд, ки варзишгарони Лаҳистон ва Узбекистон ғолиб гардида буданд. Дар бозии ниҳоӣ миёни писарон Ян Вандемайер аз Лаҳистон бар Азиз Додобоев аз Узбекистон ва миёни духтарон Ситора Нурмуродова аз Узбекистон бар ҳамватанаш Севил Юлдошева ғалаба карданд.
Ҳар ду чорабинӣ ба мусобиқоти дараҷаи 5-и Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) дохил мешаванд. Варзишгарон барои иштирок соҳиби холҳои рейтингӣ ва ғолибон бо ҷом ва грамотаҳои Федератсияи тенниси Тоҷикистон сарфароз гаштанд.