19.05.2019
: 1464
19 май дар ҷумҳурӣ 13-ум Дави миллӣ бо иштироки садҳо ҳазор нафар баргузор гардид.
Дар шаҳри Душанбе соли дуюм аст, ки дар баробари Дави миллӣ марафони велосипедронӣ баргузор мешавад. Дар ин табири муҳим барои саломатӣ дар пойтахт ҳудуди 50 000 нафар ширкат карданд.
Иштирокчиёнро сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Лутфия Абдухолиқзода, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода шодбош гуфтанд. Дар чорабинӣ чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева иштирок намуданд.
Қайд гардид, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 якшанбеи сеюми моҳи май, пешорӯи санаи фархундаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) дар саросари кишвар баргузор мегардад ва сафи иштирокчиён сол то сол меафзояд.
Ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, имсол дар ҷумҳурӣ шумораи иштирокичиёни Дави миллӣ ба 438839 нафар расид, ки 121029 нафарро бонувон ташкил медиҳанд.