Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Беҳрӯз Хоҷазода аз ҷониби “Формула-55” қадрдонӣ гардид

17.05.2019

: 1162

Ширкати букмекерии миллии “Формула-55” варзишгари маъруфи кишвар, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо Беҳрӯз Хоҷазодаро қадрдонӣ намуд.

Ба иттилои ТВ “Варзиш”, аз ҷониби ширкат ба Хоҷазода Беҳрӯз барои дастовардҳои намоёнаш дар сатҳи байналмилалӣ дар ҳаҷми 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид. Дар маросими тақдими мукофот кормандони ширкати “Формула-55” бо Беҳрӯз суҳбати озод намуда, ба суолҳои худ посух гирифтанд. Зимни суҳбат Беҳрӯз Хоҷазода қайд намуд, ки айни ҳол ягона ҳадафаш гирифтани холҳои зарурӣ барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мебошад.
Беҳрӯз Хоҷазода 11-уми январи соли 1995 таваллуд шудааст. Аз 11-солагӣ таҳти роҳбарии мураббии шинохтаи кишвар Садриддин Обидов дар намудҳои варзиши гӯштини миллӣ, самбо ва дзюдо тамрин мекунад. Аввалин дастоварди байналмилалии ӯ, медали биринҷии Чемпионати Осиё оид ба самбо дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея дар соли 2013 ба шумор меравад. Соли 2017 барои ин варзишгар соли фаромушнашаванда буд. Моҳи июл дар Чемпионати Осиё оид ба самбо дар шаҳри Тошканд дар вазни 68 кг ва моҳи сентябри ҳамон сол дар Бозиҳои 5-уми осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон дар вазни -74кг зинаи аввалро ишғол кард. 11-уми ноябри соли 2017 дар Чемпионати самбои ҷаҳон дар шаҳри Сочии Россия дар вазни -74кг бори аввал дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба унвони чемпиони ҷаҳон даст ёфт.
Соли 2018 низ барои Беҳрӯз Хоҷазода соли пур аз муваффақиятҳо буд. Ӯ дар Бозиҳои Осиё дар риштаи кураш сазовори медали нуқра ва дар чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Бухарести Руминия сазовори медали биринҷӣ гардид. Соли равон бошад, Беҳрӯз дар намуди дзюдо аввалин медали Тоҷикистонро дар силсилаи мусобиқаҳои Гранд Слам ба даст овард. Ӯ дар мусобиқаи Гранд Слами Екатеринбург (Россия), ки 15-17 март баргузор шуд, ҷои сеюмро ишғол кард.
Феълан (дар ҳолати 17 май) Беҳрӯз Хоҷазода дар раддабандии олимпии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар ҷои 30-юми вазни -73кг қарор дорад.