17.05.2019
: 1082
Ҳамаи иштирокчиёни Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни наврасон (U-17), ки тирамоҳи имсол дар Бразил доир мегардад, муайян шуд. Дар баробари тими мунтахаби Тоҷикистон, ки соли 2018 дар Чемпионати Осиё дар Малайзия соҳиби роҳхати Чемпионати ҷаҳон гардида буд, 23 дастаи дигар ҳаққи иштирок дар Чемпионати ҷаҳонро ба даст оварданд.
Рӯйхати ҳамаи дастаҳои иштирокчии Чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17-сола ба таври зайл аст: Тоҷикистон, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия (аз Осиё), Камерун, Нигерия, Ангола, Гвинея (Африка), Канада, ШМА, Мексика, Ҳаити (Амрикои Марказӣ ва Шимолӣ ва кишварҳои соҳили баҳри Кариб), Бразил, Аргентина, Чили, Эквадор, Парагвай (Амрикои Ҷанубӣ), Зеландияи Нав, ҷазираҳои Соломон (Уқёнус), Фаронса, Нидерланд, Италия, Испания, Маҷористон (Аврупо).
Қуръакашии чемпионат 22 июн дар Рио-де-Жанейро баргузор мегардад. 24 даста ба 6 гурӯҳи 4-дастаӣ тақсим мешаванд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва 4 дастаи ҷои сеюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар нишон медиҳанд, ба даври ҳаштякфинал роҳхат мегиранд.
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 17-солаи Тоҷикистон маротибаи дуюм аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон иштирок мекунад. Соли 2007 дар Чемпионати ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ мунтахаби кишвари мо то ҳаштякфинал баромада буд.