16.05.2019
: 1495
16 май таҳти раёсати муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд.
Пас аз муайян кардани тартиби кори ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа дар 7 банд муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Аз ҷумла котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо аз натиҷаи иштироки варзишгарони тоҷик дар аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё-2019” ва доир ба 3-юм Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон гузориш дод. Қайд гардид, ки Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё” 9-14 феврали соли 2019 дар шаҳри Сахалини Федератсияи Руссия баргузор гардида, дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар, аз ҷумла 3 варзишгар – Аҳёзода Ҷаҳонгир, Маҳмудҷон Эшонов, Зикруллои Шамсулло дар намуди лижаронии кӯҳӣ иштирок карданд. Дар лижаронии кӯҳӣ, равияи слалом дар баробари 46 нафар иштирокчӣ Ҷаҳонгир Аҳёзода бо натиҷаи 1:38.75 ҷои 16-ум ва Маҳмудҷон Эшонов бо натиҷаи 2:01.08 ҷои 18-умро ишғол карданд. Дар равияи слаломи бузург бошад, миёни 49 иштирокчӣ Ҷаҳонгир Аҳёзода бо натиҷаи 1:54.82 ҷои 23 ва Зикруллои Шамсулло бо натиҷаи 1:59.42 ҷои 24-умро ишғол намуданд, ки барои варзишгарони мо натиҷаи хуб аст. Таъкид шуд, ки иштирок дар бозиҳо марҳилаи омодагии варзишгарон ба 3-юм Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон-2020 ва Бозиҳои зимистонаи олимпӣ-2022 маҳсуб меёбад.
3-юм Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон 9-22 январи соли 2020 дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария аз рӯи 16 қувваозмоӣ – биатлон, бобслей, комбинатсияи шимолӣ, хоккей, кёрлинг, чанасаворӣ, рақси рӯи ях, конкитозӣ, шорт-трек, ҷаҳиш аз трамплин бо лижа, скелетон, фристайл, лижаронии кӯҳӣ, сабқати лижаронӣ, кӯҳнавардӣ бо лижа ва сновборд доир мегардад. Варзишгарони мо танҳо дар қувваозмоии лижаронии кӯҳӣ имкони иштирок кардан доранд. Дар робита ба ин 3 варзишгар интихоб шудаанд ва бо маблағгузории Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш ба мусобиқаҳои интихобӣ омодагӣ дида истодаанд.
Дар идома Кумитаи иҷроия рӯйхати 13 варзишгарро аз рӯи 7 намуди варзиш ҷиҳати бархурдор шудан аз Барномаи қитъавии дастгирии молиявии варзишгарон тасдиқ намуд. Дар асоси барнома варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз ҷониби Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 38000 доллар маблағгузорӣ хоҳанд шуд.Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки оғози соли 2019 барои соҳаи варзиши мамлакат бобарор буд. Аз ҷумла, зимни ҷаласаи Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё моҳи марти соли равон дар шаҳри Бангкоки Тайланд Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯро, ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Шамсулло Соҳибов ва Абдуллозода Аҳтам узви кумитаҳои молия, сулҳ бо роҳи варзиш, котиби генералии Кумита Абдуллозода Муҳаммадшо узви кумитаи варзиш ва муҳити зист ва директори генералии Кумита Латипов Эркин узви кумитаи фарҳанги Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардиданд.
Ҳамчунин, Кумитаи иҷроия 6 комиссияи доимии назди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро тасдиқ ва роҳбаронашонро интихоб намуданд. Аз ҷумла, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016, варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров раиси Комиссияи варзишгарони Тоҷикистон, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева раиси Комиссияи зан ва варзиш интихоб шуданд.Кумитаи иҷроия қарорҳои Бюрои Кумитаи иҷроияро дар соли 2018 ва 4-моҳаи аввали соли 2019, барномаҳои Ҳамбастагии олимпиро дар соли 2019 муҳокима ва тасдиқ карда, фаъолияти Бюрои Кумитаи иҷроияро қаноатбахш арзёбӣ намуд. Хабар дода шуд, ки дар доираи барномаҳои Ҳамбастагии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё дар мувофиқа бо узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё, муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли равон дар ноҳияи Рашт як майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳамчунин, барои мураббиёни намудҳои қайиқронӣ, варзиши сабук, гуштини тарзи озод ва юнонӣ, римӣ, таеквондо баргузории курсҳои омӯзишӣ, барои маъмурони соҳаи варзиши мамлакат доир кардани давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба нақша гирифта шудааст. Аввалин давраи омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиш ҳафтаи гузашта дар шаҳри Роғун баргузор шуд.