Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми КФО: шикасти “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар сафар

Ҷоми КФО: шикасти “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар сафар Ҷоми КФО: шикасти “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар сафар

16.05.2019

: 898

Даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 барои дастаҳои футболи Тоҷикистон бебарор омад. “Истиқлол” дар шаҳри Бишкек аз “Додой” (1:2), “Хуҷанд” дар шаҳри Ашқобод аз “Олтин Асир” (0:1) мағлуб гардиданд.

Баъд аз чор давр дар ҷадвали гурӯҳ бо 7 хол дастаи “Истиқлол” қарор дорад. “Олтин Асир” пас аз пирӯзӣ бар “Хуҷанд” бо 6 хол ба ҷои дуюм баромад. Бо чорхолӣ “Хуҷанд” дар ҷои сеюм, “Дордой” дар ҷои чорум мавқеъ доранд.
Дастаҳо барои ягона роҳхат ду бозии дигар анҷом медиҳанд. 19 июн “Хуҷанд” дар майдони худ бо “Истиқлол”, “Дордой” дар меҳмонӣ бо “Олтин Асир” вомехуранд. Бозиҳои даври ниҳоӣ 26 июн доир мегарданд. Дар даври шашум “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе “Олтин Асир”-ро қабул менамояд. “Хуҷанд” бошад, дар меҳмонӣ бо “Дордой” бозӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки танҳо ғолиби гурӯҳи «D» ба даври дигари Ҷоми КФО-2019 роҳхат мегирад.