Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Суғд: оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Суғд: оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон Суғд: оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон

15.05.2019

: 1216

14 май дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи чорабиниҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳар сол 23 май таҷлил мешавад, барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмот, бокс, гӯштини камарбандӣ, гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, волейбол, камонварӣ, дастхобонӣ, велосипедронӣ, баскетбол, шиноварӣ, тирандозӣ ва картинг мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мешаванд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар маросими кушодашавии чорабиниҳои варзишӣ иброз дошт, ки мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар чунин сатҳ бори аввал гузаронида шуда, мақсади асосӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш, мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстӣ байни варзишгарон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сайқал додани маҳорати варзишгарони касбӣ, инчунин таъмини оммавияти варзиш маҳсуб меёбад.
Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар вилоят садҳо иншооти варзишӣ бунёд мегардад ва барои ба варзиш машғул шудани ҷавонону наврасон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
- Бунёд ва истифодаи инфрасохтори варзишӣ дар вилоят сол аз сол беҳтар гардида, танҳо давоми соли 2018 ва чор моҳи сипаришудаи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 124 иншооти варзишӣ бо маблағи 12,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва 26,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дигар бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Танҳо тӯли чор моҳи сипаришудаи соли равон дар ҳудуди вилоят беш аз 550 мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ бо иштироки зиёда аз 123,4 ҳазор нафар наврасу ҷавон, аз ҷумла 41 ҳазор нафар духтар ташкил ва гузаронида шуданд, - афзуд раиси вилоят.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд илова бар варзишгарони вилоят варзишгарон аз шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Хатлон кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.