13.05.2019
: 1074
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон (U-18) - “Tajikistan Open”, ки аз 5 то 10 май дар шаҳри Душанбе ҷараён дошт, бо пирӯзии варзишгарони Лаҳистон ва Узбекистон ба анҷом расид.
Дар бозии ниҳоӣ миёни писарон Ян Вандемайер аз Лаҳистон бар Азиз Додобоев аз Узбекистон бо ҳисоби 2:1 ва миёни духтарон Ситора Нурмуродова аз Узбекистон бар ҳамватанаш Севил Юлдошева бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Тавре аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар мусобиқа 97 варзишгари ҷавон аз 15 давлат иштирок карданд.
Акнун, 11-17 май мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федератсия – мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ доир мегардад. Дар ин мусобиқа низ варзишгарони то 18-солаи бомаҳорат аз ҳудуди 20 давлат ширкат мекунанд.
Ҳар ду чорабинӣ ба мусобиқоти дараҷаи 5-и Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) дохил мешаванд. Варзишгарон барои иштирок соҳиби холҳои рейтингӣ мегарданд.