Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар «Interсontinental Cup 2019» маълум шуд

13.05.2019

: 1027

Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии «Interсontinental Cup 2019», ки 7-18 июл дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон доир мегардад, муайян шуд.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо дастаҳои мунтахаби Сурия, ҶХД Корея ва Ҳиндустон, ки соли равон дар Ҷоми Осиё-2019 иштирок карда буданд, вомехурад. Мусобиқа дар як давр баргузор шуда, дастаҳо бо ҳам якбозигӣ мекунанд.
Ба ғайр аз ин, тавре хабар дода будем, мунтахаби миллии кишвар дар моҳи июн ду бозии рафиқона анҷом медиҳад. Миллипӯшони мо 7 июн дар Душанбе муқобили дастаи мунтахаби Афғонистон, баъд аз чор рӯз дар Гуанжоу бо дастаи мунтахаби Чин вомехуранд.
Бозиҳои рафиқонаи моҳи июн ва иштирок дар мусобиқаи «Interсontinental Cup 2019» дар Ҳиндустон барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2022 маҳсуб меёбад, ки моҳи сентябр оғоз мегардад.