13.05.2019
: 1360
11 май бо бозӣ миёни дастаҳои «Куктош» – «Хатлон» (2:0) ва «Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» (0:0) даври шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.
Ғалабаи “Куктош” бар “Хатлон” тавассути зарбаҳои нишонраси Муҳиддин Одилов дар дақиқаи 25-ум ва Меҳроҷиддин Музаффаров дар дақиқаи 52-юм имконпазир гардид.
Бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – “Истаравшан” мусовӣ (0:0) хотима ёфт.
Дар ду бозии аввал 9-уми май “Истиқлол” бар дастаи КМВА “Помир” бо ҳисоби 4:1 ғалаба карда, “Панҷшер” бо “Хуҷанд” мусовӣ (0:0) бозӣ кард.
Пас аз натиҷагирии шаш давр “Истиқлол” дар ҷадвали чемпионат бо 16 хол ҷои аввалро ишғол мекунад. “Хуҷанд”, ки 5 хол камтар дорад, дар ҷои дуюм ва “Куктош” бо 10 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
Бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 18-19 май доир мегарданд. 18 май “Истаравшан” бо “Куктош”, КМВА “Помир” бо “Регар-ТадАЗ”, 19 май “Хуҷанд” бо “Истиқлол”, “Хатлон” бо “Панҷшер” вомехуранд. Қабл аз даври ҳафтум, 15 май дар доираи даври чоруми Ҷоми КФО-2019, дар меҳмонӣ “Истиқлол” бо “Дордой” (Қирғизистон), “Хуҷанд” бо “Олтин Асир” (Туркманистон) бозӣ мекунанд.
ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т/Т | Х | |
1 | "Истиқлол" (Душанбе) | 6 | 5 | 1 | 0 | 22/6 | 16 |
2 | "Хуҷанд" (Хуҷанд) | 6 | 3 | 2 | 1 | 8/5 | 11 |
3 | "Куктош" (Рӯдакӣ) | 6 | 3 | 1 | 2 | 10/8 | 10 |
4 | "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) | 6 | 2 | 2 | 2 | 8/9 | 8 |
5 | "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ) | 6 | 2 | 1 | 3 | 5/10 | 7 |
6 | "Хатлон" (Бохтар) | 6 | 1 | 2 | 3 | 5/9 | 5 |
7 | КМВА "Помир" (Душанбе) | 6 | 1 | 2 | 3 | 4/9 | 5 |
8 | "Истаравшан" (Истаравшан) | 6 | 1 | 1 | 4 | 5/11 | 4 |