Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дурахши таеквондочиёни навраси тоҷик дар Осиёи Марказӣ

13.05.2019

: 1088

Таеквондочиёни навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Самарқанд сазовори 4 медал – 1 тилло, 3 нуқра - гардиданд.

Мусобиқа бо иштироки варзишгарони навраси кишварҳои Осиёи Марказӣ 11-12 май доир гардид. Медали тиллоро Шоҳрӯз Норов дар вазни 33кг ба даст овард. Аъзам Ғаниев дар вазни 33, Муҳаммадризо Шукуров дар вазни 37кг ва Нурулло Муродов дар вазни 45кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд.
Дар ин бора аз Федератсияи таенквондо WT-и Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ба гуфтаи раиси федератсия Ҷаҳонзеб Қармишев иштирок дар ин мусобиқа барои интихоби варзишгарони беҳтарин ҷиҳати омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон, ки моҳи августи соли равон ба нақша гирифта шудааст, мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, тибқи барномаи махсуси федератсия варзишгарони беҳтарин ба Бозиҳои олимпии наврасон-2022 тайёрӣ мебинанд.
Қаблан таеквондочиёни навраси мо дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Суйлиш Батир дар шаҳри Туркистони Қазоқистон 3 медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ – ба даст оварда буданд. Лутфулло Алишон дар вазни 73кг ҷои дуюм, Бахтовар Пулотов дар вазни 49кг ва Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73кг ҷойҳои сеюмро сазовор гаштанд.
Дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ дар шаҳри Қизилордаи Қазоқистон бошад, Самад Амиршоев дар вазни 33кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.