Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Нурсултон мизбони Бозиҳои ҷаҳонии размӣ-2021 интихоб шуд

10.05.2019

: 1050

Шаҳри Нурсултон, пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон мизбони Бозиҳои ҷаҳонии размӣ-2021 эълон шуд. Мусобиқот аз 3 то 9 майи соли 2021 доир хоҳанд гардид.  

Ассотсиатсияи ҷаҳонии федератсияҳои варзишии байналмилалӣ (GAISF) эълон намуд, ки дар бозиҳо варзишгарони намудҳои якҳарба иштирок мекунанд. Барномаи бозиҳо ҳоло тасдиқ нашудааст, вале маъмулан он аз намудҳои олимпӣ ва ғайриолимпии варзиш, мисли дзюдо, таеквондо, бокс, гуштини варзишӣ, шамшербозӣ, самбо, каратэ, ушу, муайтай, ҷиу-ҷитсу, сумо, кикбоксинг, айкидо иборат хоҳад буд.
Аввалин Бозиҳои ҷаҳонии ҳарбӣ соли 2010 дар Чин доир гашт. Соли 2013 бошад, шаҳри Санкт-Петербурги Руссия мизбони бозиҳо буд. 3-юм Бозиҳои ҷаҳонии ҳарбӣ соли 2019 бояд дар Тайпей доир мегашт, аммо соли гузашта бинобар банақшагирии формати сабқатҳо бозиҳо боздошта шуд. Дар бозиҳо варзишгарони беш аз 100 давлат иштирок хоҳанд кард.