Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: ғалабаи навбатии “Истиқлол”

10.05.2019

: 1098

Пешсафи Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол – дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар доираи даври шашуми бозиҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ бар тими КМВА “Помир” ғалаба кард – 4:1. Дастаи “Хуҷанд” бошад, дар Балхӣ ду хол аз даст дод.

Ду бозии даври шашуми Чемпионати мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ 9 май доир гардиданд. Ғалабаи “Истиқлол” бар тими КМВА “Помир” тавассути “дубл”-и Эҳсони Панҷшанбе, голҳои Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев имконпазир шуд. Голи дастаи артишро Ваҳдат Ханонов зад.
Дар бозии дигари давр дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ натавонист бар тими “Панҷшер” ғалаба кунад. Мухлисон шоҳиди гол нашуданд – 0:0.
Ду бозии дигари даври шашум 11 май баргузор мешавад. “Куктош” дар майдони худ тими “Хатлон”-ро қабул мекунад, дар Варзишгоҳи “ТАЛКО Арена” “Регар-ТадАЗ” муқобили “Истаравшан” ба майдон меояд.