09.05.2019
: 2645
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни калонсолон дар шаҳри Бухорои Узбекистон 4 медал – 1 тилло, 3 биринҷӣ ба даст оварданд.
Мусобиқа ба хотираи варзишгари маъруфи Узбекистон Ҷамшед Ҳофизов 6-8 май бо иштироки беҳтарин варзишгарони Қирғизистон, Тоҷикистон ва дастаҳои Узбекистон дар маҷмааи варзишии “Ҳумо” аз рӯи 10 категорияи вазнӣ баргузор шуд.
Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон медали тиллоро Муслиҳиддин Уроқов дар вазни 72кг сазовор шуд. Ислом Мазитов дар вазни 60кг, Мубинҷон Ахмедов дар вазни 67кг ва Мирзоамин Сафаров дар вазни 97кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.
Иштирок дар мусобиқаи мазкур як марҳилаи омодагии варзишгарони мо ба Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.