Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тоҷикистон - мизбони марҳилаи интихобии ЧО-2020 миёни ҷавонон

Тоҷикистон - мизбони марҳилаи интихобии ЧО-2020 миёни ҷавонон Тоҷикистон - мизбони марҳилаи интихобии ЧО-2020 миёни ҷавонон

09.05.2019

: 1019

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) оид ба футбол дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” ҳамроҳ бо дастаҳои Сурия, Лубнон ва Малдив бозӣ мекунад.

Маросими қуръакашии марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон 9-уми май дар Куала Лумпур – қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё доир шуд.
Дар марҳилаи интихобии чемпионат 46 даста ширкат мекунанд, ки ба 11 гурӯҳ қисмат шуданд – 6 гурӯҳ дар минтақаи Ғарб, 5 гурӯҳ дар минтақаи Шарқ.
Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат мегиранд. Мизбони марҳилаи финалӣ ҳоло маълум нест. Дар сурате, ки мизбони чемпионат миёни ғолибон ё 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо бошад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар дорад, ба марҳилаи финалӣ роҳхат мегирад.

Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 19-сола:

Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Ироқ (мизбон), Уммон, Фаластин, Кувайт, Покистон.
Гурӯҳи «В»: Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.
Гурӯҳи «С»: ТОҶИКИСТОН (мизбон), Сурия, Лубнон, Малдив.
Гурӯҳи «D»: АМА, Эрон (мизбон), Қирғизистон, Непал.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.
Гурӯҳи «F»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Узбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.

Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «G»: Тайланд, Малайзия, Камбоҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.
Гурӯҳи «Н»: Австралия, Тайпейи Чин (мизбон), Макао, Лаос.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мйанма (мизбон), Сингапур.
Гурӯҳи «J»: Ҷопон, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.
Гурӯҳи «К»: Индонезия (мизбон), ҶХД Корея, Ҳонг Конг, Тимори Шарқӣ.