30.04.2019
: 1083
26-28 апрел дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба камонварӣ баргузор шуд.
Дар мусобиқа варзишгарон дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Суғд-1, Суғд-2 аз рӯи 4 равия иштирок намуданд. Ду дастаи дигар – Душанбе-2 ва ШНТМ бо сабаби номусоидии ҳаво натавонистанд дар мусобиқот ширкат намоянд.
Дар равияи ҷуфти омехта се зинаи ифтихориро варзишгарони Душанбе-1 аз худ карданд.
Дар масофаи 50-+30 метр миёни духтарон Дилноза Эргашева аз дастаи Душанбе-1 ғолиб шуд. Ҳамдастааш Мадина Розиқова ҷои дуюм ва Муслима Абдуллоева аз дастаи Суғд-1 ҷои сеюмро ишғол карданд. Миёни писарон ҳар се ҷои ифтихориро варзишгарони Суғд ба даст оварданд – Зайниддин Муродов – 1-ум, Иброҳимхуҷа Азаматов – 2-юм, Маҳмадхуҷа Маҳмадхуҷаев – 3-юм.
Дар масофаи 60 метр танҳо писарон камонварӣ карданд ва се ҷои аввалро варзишгарони Суғд соҳиб шуданд – Манучеҳр Шерғозиев 1-ум, Исо Бобоев – 2-юм, Муҳаммадазим Рауфов – 3-юм.
Дар масофаи 70 метр давраи олимпӣ миёни мардҳо Абдуғаффор Рустамов аз дастаи Суғд-1 чемпион шуд. Ҷойҳои 2-юму 3-юм насиби варзишгарони Душанбе – Анушервон Раҳимӣ ва Бежан Ҷӯраев гашт. Миёни бонувон бошад, ҷои якуму дуюмро душанбегиҳо - Зуҳро Тағоева, Фирӯза Зубайдова ва ҷои сеюмро Умеда Ҷӯраева аз Суғд сазовор гардиданд.