29.04.2019
: 1049
23-28 апрел дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ баргузор гашт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини тарзи озод дар ҳайати 9 нафар – Ҳикматулло Воҳидов (57кг), Ҷамшед Шарифов (61кг), Абдулқосим Файзиев (65кг), Сорбон Абдулҳаев (70кг), Ғуломҷон Шарифов (74кг), Аъзамҷон Юсуфов (79кг), Баҳодур Қодиров (86кг), Искандари Рустам (97кг), Фарҳод Анақулов (125кг) ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини юнонӣ-римӣ дар ҳайати 5 нафар – Исломиддин Мазитов (63кг), Мубинҷон Ахмедов (67кг), Ҳабибҷон Зуҳуров (72кг), Суҳроб Абдулҳаев (82кг), Тоҳирҷон Охонов (87кг) дар чемпионат иштирок карданд, вале натавонистанд медал ба даст оваранд.
Натиҷаи беҳтарро миёни гуштингирони тоҷик Ҳикматулло Воҳидов, Ҷамшед Шарифов, Баҳодур Қодиров, Фарҳод Анақулов ва Тоҳирҷон Охонов нишон доданд. Онҳо дар категорияи вазнии худ ҷои панҷумро ишғол карданд.
Дар Чемпионати гуштини Осиё варзишгарон аз 23 давлати қора иштирок карданд. Дар ҳисоби даставӣ Эрон бо 11 медали тилло ва 6 биринҷӣ ҷои аввалро сазовор шуд. Чин бо 5 медали тилло, 5 нуқра, 6 биринҷӣ ҷои дуюм, Ҷопон бо 4 медали тилло, 6 нуқра, 7 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол намуданд.