Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

2 медали каратэчиёни ҷавон дар Чемпионати Осиё

2 медали каратэчиёни ҷавон дар Чемпионати Осиё 2 медали каратэчиёни ҷавон дар Чемпионати Осиё

28.04.2019

: 1443

Варзишгарони ҷавони кишвар дар Чемпионати Осиё оид ба каратэ сазовори ду медали биринҷӣ шуданд.

Чемпионати Осиё оид ба каратэ (WKF) миёни наврасон, ҷавонон ва ҷавонони то 21-сола 26-28 апрел дар шаҳри Кота Канабалуи Малайзия доир гашт. Дар чемпионат 409 варзишгар (120 нафар миёни наврасон, 135 нафар миёни ҷавонон, 154 нафар миёни ҷавонони то 21-сола) аз 31 давлати қора иштирок карданд. Ҷумҳурии моро 6 варзишгар: Нодирбек Қулматов, Асадбек Фаттоев, Умед Сафаров (миёни ҷавонони то 17-сола), Муҳаммад Тешаев, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Абдулваҳоб Шаропов (миёни ҷавонони то -21-сола) намояндагӣ карданд.
Медалҳои биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Асадбек Фаттоев дар вазни -68кг ва Умед Сафаров дар вазни -76кг миёни ҷавонони то 17-сола ба даст оварданд. Нодирбек Қулматов дар вазни -61кг ҷои 7-умро ишғол кард.
Миёни ҷавонони то 21-сола натиҷаи беҳтарро Муҳаммад Тешаев нишон дод. Ӯ дар вазни -55кг ҷои панҷумро ишғол кард.