Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Душанбе – мизбони ду мусобиқаи байналмилалии теннис

30.04.2019

: 900

Аз 5 то 18 май дар шаҳри Душанбе ду мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис – “Tajikistan Open” ва Ҷоми Федератсияи тенниси Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ин мусобиқаҳои бонуфуз соли сеюм аст, ки миёни теннисбозони то 18-сола доир мегардад. Ин навбат иштироки варзишгарони наврас аз ҳудуди 40 давлат, мисли Австрия, Арманистон, Белгия, Белорус, Британияи Кабир, Булғория, Гурҷистон, Зеландияи Нав, Зимбабве, Испания, Исроил, Канада, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Нидерланд, Олмон, Руминия, Руссия, Сербия, Сурия, Тайланд, Тайпейи Чин, Тунис, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаронса, Ҳиндустон, Ҳонг Конг, Чин, Ҷумҳурии Чех, Швейтсария, ШМА, Шри Ланка, Эрон, Эстония, Юнон дар назар аст.
Тоҷикистонро дар мусобиқаҳо миёни писарон Мараматшо Айёмбеков, Хушбахт Каримов, Саддам Ҳусейн, Исом Шарифов, Аминҷон Абдуллоев, Бахтиёр Исроилов, Музаффари Ромиш, Шоҳҷаҳон Акрамалиев ва миёни духтарон Наргиза Яҳёева, Диана Иванихина, Камила Урумбоева, Меҳрона Қараева намояндагӣ мекунанд
Мусобиқаи “Tajikistan Open” 10 май ба анҷом мерасад. Пас аз он 11-17 май мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федератсия – мусобиқаи бонуфузи баайналмилалӣ миёни дастаҳои духтарон доир мегардад.
Ҳар ду чорабинӣ ба мусобиқоти дараҷаи 5-и Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) дохил мешаванд. Ҳар варзишгар барои иштирок соҳиби холҳои рейтингӣ мегардад.