Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷиу-ҷитсу: 16 медали варзишгарони тоҷик аз АМА

Ҷиу-ҷитсу: 16 медали варзишгарони тоҷик аз АМА Ҷиу-ҷитсу: 16 медали варзишгарони тоҷик аз АМА Ҷиу-ҷитсу: 16 медали варзишгарони тоҷик аз АМА

28.04.2019

: 1079

20-26 апрел дар шаҳри Абу Дабии Амороти Муттаҳидаи Араб фестивали ҷаҳонӣ ва мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон, варзишгарони имконияташон маҳдуд ва беҳтаринҳои ҷаҳон баргузор шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу дар ҳайати 26 варзишгар таҳти роҳбарии раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов дар ин чорабинии варзишӣ иштирок намуда, сазовори 16 медал, аз ҷумла 7 медали тилло гардид.
Дар Фестивали байналмилалӣ миёни кӯдакон 20 апрел Довуд Ҷоншоев (вазни -24кг), Муҳаммадрофеъ Баротов (-27кг), Муҳаммад Алимов (-21кг), Имрон Додоматов (-24кг) медали тилло ба даст оварданд. Абдулфаттоҳ Расулов (-24кг), Алӣ Расулов (-34кг), Маъруфҷон Назарзода (-77кг) сазовори медали нуқра гардиданд.
Дар мусобиқа миёни ҷавонон Фотимахон Гадоева (-40кг) миёни духтарон, Амирҷони Нуриддин (-55кг), Ибодулло Ибодов (-42кг) ҷои якумро ишғол карданд. Мансурҷон Сабуров (-27кг), Ҳасанҷон Сафаров (-37кг) ҷои дуюм, Сафиаллоҳ Маҳмададлӣ (-41кг), Самариддин Маҳмадализода (-46кг) ва Билолиддин Маҳмадализода (-50кг) ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Дар мусобиқа миёни беҳтаринҳо Абдуманнон Раҳимов дар вазни -77кг сазовори медали нуқра гардид.
Фестивал ва чемпионати ҷаҳон миёни беҳтаринҳо оид ба ҷиу-ҷитсу бо сарпарастии Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Амороти Муттаҳидаи Араб ҳар сол баргузор мешавад ва садҳо варзишгарро аз саросари ҷаҳон ҷамъ меорад. Имсол низ варзишгарон аз ҳудуди 100 давлат дар ин мусобиқот иштирок карданд.