28.04.2019
: 1052
Бо баргузор шудани ду бозӣ дар рӯзи 27 апрел даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.
Барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта – дастаи “Куктош” дар майдони худ бар тими “Панҷшер” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ҳисоб дар дақиқаи 8-ум кушода шуд - Муҳсин Абдуғаффоров дарвозаи “Панҷшер”-ро рахна кард. Дар дақиқаи 17 Холмурод Назаров ҳисобро афзуд. Қабл аз анҷоми нимаи аввал меҳмонон тавассути Муҳаммадраҷаб Ҷобиров тавонистанд ҳисобро тағйир диҳанд – 2:1. Дар дақиқаи 83-и нимаи дуюм Муҳсин Абдуғаффоров голи дуюми худ ва сеюми дастаашро аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд ва бо ҳисоби 3:1 бозӣ ба анҷом расид.
Бозӣ миёни дастаҳои КМВА “Помир” – “Хатлон” бошад, мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.
Ду бозии дигари даври чорум 25-26 апрел доир гардида буданд. “Хуҷанд” бар “Регар-ТадАЗ” (3:1) ва “Истиқлол” бар “Истаравшан” (4:0) ғолиб омаданд.
Ҳамин тариқ, баъд аз натиҷагирии даври чорум бо 10 хол аз 4 бозӣ дастаи “Истиқлол” мавқеашро дар ҷои аввали ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон устувор кард. “Хуҷанд”-у “Куктош” бо 7-холӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм мавқеъ доранд.
Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон 4 май баргузор мешаванд. Дар ин рӯз “Панҷшер” бо “Истиқлол”, “Хуҷанд” бо “Куктош”, “Хатлон” бо “Регар-ТадАЗ” ва “Истаравшан” бо КМВА “Помир” вомехуранд.
ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т Х 1 "Истиқлол" (Душанбе) 4 3 1 0 13/4 10 2 "Хуҷанд" (Хуҷанд) 4 2 1 1 6/4 7 3 "Куктош" (Рӯдакӣ) 4 2 1 1 7/6 7 4 "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода) 4 2 0 2 6/7 6 5 "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ) 4 2 0 2 4/5 6 6 "Хатлон" (Бохтар) 4 1 1 2 3/5 4 7 "Истаравшан" (Истаравшан) 4 1 0 3 4/9 3 8 КМВА "Помир" (Душанбе) 4 0 2 2 1/4 2