Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Гуштини миллӣ: Ҷоми пойтахт насиби Хоҷазода ва Раҳимов гардид

Гуштини миллӣ: Ҷоми пойтахт насиби Хоҷазода ва Раҳимов гардид Гуштини миллӣ: Ҷоми пойтахт насиби Хоҷазода ва Раҳимов гардид Гуштини миллӣ: Ҷоми пойтахт насиби Хоҷазода ва Раҳимов гардид

27.04.2019

: 994

27 апрел дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт мусобиқаи гуштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт баргузор гашт.

Дар мусобиқа, ки бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил шуд, беш аз 80 нафар варзишгарони беҳтарини ҷумҳурӣ аз рӯи ду категорияи вазнӣ: -80 кг ва +80 кг барои ба даст овардани ҷойҳои намоён гуштин гирифтанд.
Дар категорияи вазнии -80 кг варзишгари шинохтаи кишвар, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода пирӯз шуд. Ӯ дар даври ниҳоӣ бар Саидмухтор Расулов ғолиб омад. Ҷои сеюмро Ҳақаназар Назаров пас аз пирӯзӣ бар Раҳматуллобек Фарҳодов ба даст овард.
Дар вазни +80 кг бошад, паҳлавони ҷавону умедбахш Темур Раҳимов ғалаба кард. Темур, ки ҳафтаи гузашта дар Чемпионати Осиё оид ба дзюдо, дар вазни +100 кг сазовори медали нуқра гардид, дар финал паҳлавони дигари шинохта Шакармамад Мирмамадовро шикаст дод. Дзюдочии маъруфи ҷумҳурӣ Комроншоҳ Устопириён ҷои сеюмро ишғол кард. Ҳарифи Комроншоҳ дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Саидҷалол Саидов аз мусобиқа даст кашид.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба ғолибон шоҳҷоиза – автомобил, барои ҷои дуюм мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ тақдим гардид.