Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дилшод Назаров – Чемпиони панҷкаратаи Осиё

Дилшод Назаров – Чемпиони панҷкаратаи Осиё Дилшод Назаров – Чемпиони панҷкаратаи Осиё Дилшод Назаров – Чемпиони панҷкаратаи Осиё

25.04.2019

: 263

Варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров маротибаи панҷум ба гирифтани унвони Чемпиони Осиё мушарраф шуд.

Дилшод Назаров шоми 24 апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар дар даври финалии мусобиқаи гурзандозии Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук гурзро ба масофаи 76.14 метр ҳаво дода, ҷои аввалро ишғол кард. Варзишгари мизбон Ашраф Ал-Сайфӣ бо натиҷаи 73.76 метр ҷои дуюм, Суҳроб Хоҷаев аз Узбекистон бо натиҷаи 72.86 метр ҷои сеюмро сазовор шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин панҷум медали тиллои Дилшод Назаров дар Чемпионати варзиши сабуки Осиё мебошад. Ӯ қаблан солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ба унвони Чемпиони Осиё даст ёфта, ҳамчунин барандаи 2 медали нуқра (2005, 2007) ва як медали биринҷии (2003) Чемпионати Осиё мебошад. Дилшод Назаров, инчунин, 3 маротиба дар Бозиҳои Осиё ғолиб омадааст.  
Дар даври финали мусобиқаи гурзандозӣ 12 нафар иштирок карданд.
Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук дар шаҳри Доҳаи Қатар бо пирӯзии варзишгарони Баҳрайн анҷом ёфт. Онҳо 22 медал (7 тилло, 11 нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Чин бо 29 медал (9 тилло, 13 нуқра, 7 биринҷӣ) ҷои дуюм, Ҷопон бо 18 медал (5 тилло, 4 нуқра, 9 биринҷӣ) ҷои сеюмро ишғол намуданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло дар ҷои 13-ум қарор гирифт. Умуман, варзишгарони 20 давлати қора ба гирифтани медалҳои Чемпионати Осиё даст ёфтанд.