Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Рустами Эмомалӣ президенти CAFA интихоб шуд

Рустами Эмомалӣ президенти CAFA интихоб шуд Рустами Эмомалӣ президенти CAFA интихоб шуд Рустами Эмомалӣ президенти CAFA интихоб шуд

24.04.2019

: 247

Дар Конгресси навбатии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 24 апрел дар меҳмонхонаи “Hyatt Ragency Dushanbe” баргузор шуд, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамзамон президенти CAFA (Central Asian Football Association) интихоб гардид.

Дар ҷаласа ноиби президенти Федератсияи футболи Қирғизистон Достонбек Конокбаев ноиби аввали президенти CAFA ва котиби генералии Федератсияи футболи Туркманистон Арслон Ойназаров ноиби президенти CAFA интихоб шуданд.
Қароргоҳи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аз Тошканд ба Душанбе гузаронида шуд.
Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки соли 2014 таъсис ёфтааст, федератсияҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Турманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид мекунад.