Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Баҳодур Усмонов дар финали ЧО оид ба бокс

25.04.2019

: 186

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг миёни мардҳо ба даври финали Чемпионати Осиё оид ба бокс роҳ ёфт.

Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни мардҳо ва бонувон дар шаҳри Бангкоки Тайланд ҷараён дорад.
Баҳодур Усмонов 25 апрел дар даври нимфинал бар варзишгари Қазоқистон Саматалӣ Толтаев пирӯз гардид. Рақибаш дар финал, ки фардо – 26 апрел доир мегардад, муштзани Урдун Обада Ал-Касбе мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар даври аввал озод буд, спас дар даври дуюм бар варзишгари Ҷопон Далсуки Нариматсу ва дар чорякфинал бар Туғрулбег Паззиев аз Туркманистон ғалаба кард.