Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таваҷҷуҳ: ANOC барои дарёфти ҷоизаи Ал-Мактум озмун эълон кард

23.04.2019

: 1027

Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) 11-умин давраи озмун барои дарёфти «Ҷоизаи эҷодиёт дар соҳаи варзиш ба номи Муҳаммад Бин Рашид Ал Мактум»-ро эълон кардааст.

Ҷоиза аз ҳисоби хазинаи Муҳаммад Бин Рашид Ал Мактум, яке аз чеҳраҳои шинохтаи олами варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст ва бо мақсади тақвият додани тавонбахшии ҷавонони эҷодкори дунё ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба соҳаи варзиш роҳандозӣ гардидааст.
Ҷоизаи мазкур ба шахсони инфродӣ, гурӯҳӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои варзишии Аморати Муттаҳидаи Араб ва ҷаҳонро, ки дар пешрафти соҳаи варзиш аз худ ташаббусҳои назаррас нишон додаанд ва дар ин самт дастовардҳои беназир доранд, тақдим мегардад.
Довталабон метавонанд маҳсули эҷодиёти беҳтарини худро, аз қабили лоиҳаҳо, барномаҳо ё ташаббусҳое, ки ба масъалаи тавонбахшии ҷомеа тавассути арзишҳои таҳаммулгароӣ ё маърифати варзишӣ бахшида шудааст, ба кумитаи тадорукоти озмун пешниҳод намоянд.
Ғолибони озмун бо Ҷоизаи эҷодиёт дар соҳаи варзиш ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.
Муҳлати қабули дархостномаҳо то 31 августи соли 2019 муқаррар гардида, хоҳишмандон ҷиҳати пешниҳоди номзадии худ метавонанд бо Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.