Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Фардо мусобиқоти лигаи аввали футболи кишвар оғоз мегардад

24.04.2019

: 200

25-26 апрел даври якуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи якум баргузор мешавад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мавсими имсолаи лигаи аввал 14 даста иштирок мекунанд – се даста аз пойтахт: «Локомотив-Помир», «Душанбе-83», «Шоҳмансур», панҷ даста аз Хатлон: «Саройкамар» (Панҷ), «Ҳулбук», «Файзканд» (ҳар ду аз Восеъ), «Дӯстӣ» (Ҷайҳун), «Равшан» (Кӯлоб), чор даста аз Суғд: «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд), «Зарафшон» (Панҷакент), «Эсхата» (Хуҷанд), «Исфара» (Исфара) ва ду даста аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: «Барқчӣ» (Ҳисор), «Ваҳдат» (Ваҳдат).

Дар натиҷаи қуръакашӣ дар даври аввал «Файзканд» бо «Ваҳдат», «Парвоз» бо «Душанбе-83», «Равшан» бо «Шоҳмансур», «Зарафшон» бо «Исфара», «Дӯстӣ» бо «Эсхата», «Барқчӣ» бо «Саройкамар» ва «Локомотив-Помир» бо «Ҳулбук» вомехуранд. Бозиҳои даври аввал 25 ва 26 апрел доир мегарданд.
Ҷадвали бозиҳои лигаи аввал чун анъана дар асоси усули “айнӣ”-и (зеркалльни) системаи Бергер таҳия мешавад. Ҳар даста 26 бозӣ анҷом медиҳад ва дастае, ки ҷои аввалро ишғол мекунад, ба лигаи олӣ роҳхат мегирад. Барандаи медали нуқраи лигаи аввал низ имкони дар лигаи олӣ бозӣ карданро пайдо мекунад, агар дар бозии гузаришӣ бар дастаи ҷои 7-уми лигаи олӣ (пеш аз охир) пирӯз гардад.