Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Медали биринҷии Мансур Раҳмон дар Ҷоми дзюдои Осиё

23.04.2019

: 1042

Варзишгари навраси тоҷик Мансур Раҳмон дар Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон сазовори медали биринҷӣ шуд.

Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон 20-21 апрел дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон доир шуд.
Мансур дар қувваозмоии вазни -90кг дар даври муқаддамотӣ бар варзишгари мизбон Кайратбек Сабит ғалаба кард, вале дар нимфинал аз варзишгари дигари Қазоқистон Рауан Нозимхонов мағлуб гашт. Мансур Раҳмон сипас барои ҷои сеюм бар намояндаи Узбекистон Мурод Эркинов пирӯз шуд.
7 варзишгари дигари мо дар Ҷоми Осиё миёни наврасон ва ҷавонон аз медалҳо бенасиб монданд.