19.04.2019
: 1108
Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Уммон ду бозии рафиқона доир мекунад.
Бозиҳо миёни мунтахабҳои наврасони Тоҷикистону Уммон 22 ва 25 апрел дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбории сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев чанде пеш дар мусобиқаи байналмилалии “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан-2019” дар Чин иштирок карда, ҷои аввалро сазовор гардид.
Бозиҳои рафиқона
22 апрел (душанбе)
Оғоз – соати 18:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Уммон (U-16)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
25 апрел (панҷшанбе)
Оғоз – соати 18:00
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Уммон (U-16)
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ