18.04.2019
: 2879
Тавре хабар дода будем, 20 апрел ба ифтихори Рӯзи пойтахт 10-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи тадорукоти мусобиқа иттилоъ доданд, дар Ниммарафони Душанбе имсол дар баробари ҳудуди 100 нафар даванди Тоҷикистон 34 варзишгар аз 14 давлат – Австралия, Австрия, Афғонистон, Британияи Кабир, ИМА, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Нидерланд, Руссия, Узбекистон, Украина, Чин, Эфиопия иштирок хоҳанд кард.
Миёни варзишгарони хориҷӣ ғолиби Ниммарафони соли гузаштаи Душанбе Даря Маслова аз Қирғизистон, Фенте Ҷирма Тилаҳун аз Эфиопия, ки соли гузашта ҷои сеюм ва Мурундӣ Беттӣ Казанбӣ аз Кения, ки ҷои шашумро ишғол карда буданд, ҳастанд.
Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби варзиши сабуки мамлакат Ғайрат Неъматов, варзишгарони мо имсол ба Ниммарафони Душанбе ҷиддӣ омодагӣ диданд. Бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, МҶМОВ оид ба варзиши сабук ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе даста бори аввал ҷиҳати омодагӣ ба ин мусобиқа дар 4 марҳила – дар ноҳияҳои Сангвор, Варзоб, Душанбе ва Иссиқкӯли Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷамъомадҳои машқӣ-омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.
“Имсол умед дорем, ки 3 варзишгарамон – Меҳрубон Шамсиддинов, Меҳроб Одинаев ва Меҳрангез Назарова ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд”, - афзуд Ғ. Неъматов.
10-ум Ниммарафони байналмилалии Душанбе чун анъана дар масофаи 21.97 километр дар масири Наврӯзгоҳ – майдони “Дӯстӣ” тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то маҳаллаи Чорбоғ ва аз он ҷо тавассути хиёбони Рӯдакӣ сурат мегирад. МИҲД шаҳри Душанбе барои варзишгароне, ки то ҷои 6-умро ишғол менамоянд, ҷоизапулӣ муқаррар кардааст. Дар робита ба ин, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 387 803 (сесаду ҳаштоду ҳафт ҳазору ҳаштсаду се) сомонӣ ҷудо мегардад.