17.04.2019
: 3026
Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Руссия 17 апрел миёни ду кишвар 17 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аз ҷумла, дар ҳузури сарони давлатҳо миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Руссия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Онро аз ҷониби Тоҷикистон ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва аз ҷониби Руссия президенти Кумитаи олимпии Руссия Станислав Поздняков имзо карданд.
Ин санад ҳамкориҳои кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Руссияро дар самтҳои табодули таҷрибаи варзишгарону мураббиён, баргузории курсу семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки намояндагони ду ҷониб, мубориза бо допинг ва ғайраро ба низом медарорад.
Ёдрас менамоем, ки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари расмӣ ба Федератсияи Руссия 16-17 апрел бо раиси Думаи давлатии Руссия Вячеслав Володин, раиси Ҳукумати Федератсияи Руссия Дмитрий Медведов, Президенти Федератсияи Руссия Владимир Путин мулоқот анҷом дода, масъалаҳои гуногуни ҳамкории ду кишварро баррасӣ намуданд.
Сарвари давлат, ҳамчунин бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия мулоқот карданд.