17.04.2019
: 1045
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2019 (КФО) 17 апрел дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ бар тими “Дордой” (Қирғизистон) бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард.
Ҳисобро дар дақиқаи 17-ум футболбози тими меҳмон Бекжан Сагинбаев кушод. Дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ футболбози шинохтаи “Хуҷанд” – Дилшод Восиев голи ҷавобӣ зада, ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 63-юм бошад, Дилшод Восиев голи дуюми хешро ба ҳадаф расонида, “Хуҷанд”-ро ба пеш баровард. Нуқтаи ниҳоиро дар ин бозӣ Ҷаҳонгир Эргашев гузошт. Ӯ дар дақиқаи 89-ум аз пеналтӣ голи сеюми дастаашро ба самар расонида, пирӯзии “Хуҷанд”-ро таъмин намуд.
Бозии дигари гурӯҳи “D”-и Ҷоми КФО-2019 миёни дастаҳои “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Истиқлол” (Тоҷикистон) мусовӣ анҷом ёфт – 1:1. Ба голи задаи бозингари “Истиқлол” Шериддин Бобоев дар дақиқаи 79-ум пас аз 1 дақиқа мизбонон тавассути Салим Нурмуродов ҳисобро баробар карданд.
Пас аз натиҷагирии даври дуюми бозиҳои гурӯҳи “D”-и Ҷоми КФО-2019 “Истиқлол” бо 4 хол пешсаф аст. “Хуҷанд бо 3 хол дар ҷои дуюм, “Олтин Асир” бо 2 хол дар ҷои сеюм, “Дордой” бо 1 хол дар ҷои чорум мавқеъ доранд.
Дар доираи бозиҳои даври сеюми гурӯҳи “D” 30 апрел “Хуҷанд” дар майдони худ бо “Олтин Асир” ва 1-уми май “Истиқлол” дар Душанбе бо “Дордой” вомехуранд.