Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҳар се бозиашро дар “Ҷоми баҳор-2019” бохт

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҳар се бозиашро дар “Ҷоми баҳор-2019” бохт Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҳар се бозиашро дар “Ҷоми баҳор-2019” бохт Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҳар се бозиашро дар “Ҷоми баҳор-2019” бохт

17.04.2019

: 1077

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқаи “Ҷоми баҳор-2019” («Futsal Week Spring Cup – Porec 2019»), ки аз 13 то 16 апрел дар шаҳри Поречи Хорватия баргузор шуд, иштирок кард.

Дар ин мусобиқаи бонуфуз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар се бозӣ аз дастаҳои Маҷористон бо ҳисоби 3:5, Шведсия – 5:7 ва Черногория бо ҳисоби 0:6 мағлуб гашт.
Ёдовар мешавем, ки иштирок дар мусобиқаи мазкур барои тими футзали Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё, ки 16-27 октябр баргузор мешавад, ба ҳисоб мерафт.
Пас аз натиҷагирии мусобиқа дастаи футзали Черногория бо 9 хол ҷои аввалро ишғол кард. Маҷористон бо 6 хол дар ҷои дуюм, Шведсия бо 3 хол дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтанд. Тоҷикистон, ки хол ба даст наовард, дар зинаи охир ҷой гирифт.

Мусобиқаи байналмилалии футзал - “Ҷоми баҳор - Пореч-2019” («Futsal Week Spring Cup – Porec 2019»)

1-ум давр
ТОҶИКИСТОН – Маҷористон – 3:5
Голҳои Тоҷикистон: Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гуляков, Баҳодур Хоҷаев.

Черногория – Шведсия – 7:5

2-юм давр
Шведсия – ТОҶИКИСТОН – 7:6
Голҳои Тоҷикистон: Раҳмоналӣ Шарифов (2), Баҳодур Хоҷаев, Умед Қузиев, Иқбол Воситзода, Шавкат Ҳалимов.

Маҷористон – Черногория – 1:5

3-юм давр
ТОҶИКИСТОН – Черногория – 0:6

Маҷористон – Шведсия – 5:2