Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Токио-2020” ҷадвали мусобиқоти Бозиҳои олимпиро эълон кард

16.04.2019

: 1188

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ҷадвали мусобиқоти бозиҳоро барои ҳамаи намудҳои варзиш эълон кард. Гуфта шудааст, ин иқдом барои касоне, ки аз ҳоло мехоҳанд билети ҳавопаймо бихаранд, иттилои муҳим мебошад. Барномаи рекордии бозиҳо аз 33 намуд ва 339 равияи варзиш иборат аст ва аз 24 июл то 9 августи соли 2020 баргузор мегардад.

Мусобиқаҳои софтбол ва футболи бонувон 22 июл, ду рӯз қабл аз маросими кушодашавӣ оғоз мегарданд. Қувваозмоиҳои қайиқронии академӣ ва камонварӣ дар рӯзи маросими кушодашавӣ ба нақша гирифта шудааст. Аввалин медали бозиҳоро 25 июл бонувони тирандоз аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр соҳиб мешаванд. Дар ин рӯз, ҳамчунин аз рӯи шаш намуди варзиш маросими медалсупорӣ доир мегардад: камонварӣ, сабқати велосипедронҳо, шамшербозӣ, дзюдо, таеквондо, вазнбардорӣ.
Баскетбол 3х3 миёни мардҳову бонувон 25 июл сар мешавад, скейтбозӣ дар хиёбон 26-27 июл ба нақша гирифта шудааст. Чорабиниҳои велосипедронӣ (BMX) 1-2 август, скейтбозӣ дар парк 5-6 август, шӯхпаймоии варзишӣ 4-7 август доир хоҳанд шуд.
Моро “Шанбеи олӣ” ва “Якшанбеи тиллоӣ”, 1-2 август, интизор аст. Дар ин рӯзҳо чӣ дар майдонҳо ва чӣ тариқи телевизион аудиторияи калон ҷалб хоҳад шуд. Дар рӯзи “Шанбеи олӣ” 21 мусобиқа, аз ҷумла мусобиқаҳо аз рӯи намудҳое, ки бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ доир мегарданд, ба нақша гирифта шудааст, мисли қувваозмоии даставии омехта оид ба дзюдо, эстафетаи омехта дар сеҳарба ва тирандозии даставии омехта. Дар ин рӯз, инчунин даври чорякфинали футболи мардона доир мешавад.
26 мусобиқа бо мароисми медалсупорӣ дар рӯзи “Якшанбеи тиллоӣ” баргузор мешаванд, мисли марафони дав миёни бонувон, финали дав дар масофаи 100 метр миёни мардҳо, гимнастикаи варзишӣ миёни мардҳо ва бонувон, финали теннис миёни мардон. “Якшанбеи тиллоӣ” рӯзи охири мусобиқаҳои шамшербозӣ, финали қувваозмоиҳои шиноварӣ мебошад.
Аз 2 август то рӯзи охири бозиҳо 171 мусобиқа бо супоридани медалҳо доир мегарданд, аз ҷумла даври нимфинал ва финали каратэ, ки бори аввал ба барномаи бозиҳо ворид карда шудааст, шӯхпаймоии варзишӣ, гуштин ва дигар мусобиқаҳои даставӣ, мисли қувваозмоии даставии тенниси рӯи миз. Мусобиқаҳои варзиши сабук 31 июл дар Варзишгоҳи нави олимпии Токио шуруъ мешавад.
8 август, як рӯз қабл аз анҷоми бозиҳо боз “Шанбеи олӣ” ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз на кам аз 30 қувваозмоии финалӣ сурат хоҳад гирифт: финали баскетбол миёни мардҳо, футболи мардона, бейсбол. Ҳамчунин, финали бисёр мусобиқаҳои бонувон – шинои ҳамзамон (синхронӣ), гимнастикаи бадеӣ. Рӯзи охир – 9 август – бо мусобиқаи марафони дав миёни мардҳо оғоз меёбад. Охирин медалҳо ба варзишгарони намуди тӯббозӣ дар об супорида мешавад.

Эзоҳ: Дар ҷадвал 13 қувваозмоии намуди бокс низ ҷойгир карда шудааст, дар ҳоле ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳама гуна банақшагириро дар робита ба мусобиқоти бокс муваққатан манъ карда буд. Пас аз қарори ниҳоии КБО оид ба бокс дар ҷадвал мумкин аст тағйирот ба амал ояд.

Ҷадвали мусобиқаҳои Бозиҳои олимпии Токио-2020