16.04.2019
: 1343
Варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Эмомризо Анварзода ғолиби Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон гардид.
Мусобиқаи анъанавии Ҷоми Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон 12-15 апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гашт. Дар мусобиқа 245 варзишгар аз 6 давлат – АМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок карданд. Варзишгарони мо дар ин мусобиқа сазовори 5 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ шуданд.
Эмомризо Анварзода дар вазни -90кг миёни наврасон соҳиби медали тилло шуд. Медали нуқраро Шоҳида Қаландарова дар вазни -57кг миёни ҷавонон сазовор гашт. Медалҳои биринҷиро Аҳлия Муъминова дар вазни -52кг миёни наврасон, Муҳаммадризо Қувватов дар вазни -60кг ва Шарифҷон Назриев дар вазни -100кг миёни ҷавонон ба гардан овехтанд.