Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Беҳрӯз дар Чемпионати дзюдои Осиё ширкат намекунад

19.04.2019

: 1188

Варзишгари маъруфи кишвар, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо Беҳрӯз Хоҷазода дар Чемпионати дзюдои Осиё, ки 20-23 апрел дар Фуҷайраи АМА доир мегардад, иштирок намекунад.

Федратсияи байналмилалии дзюдо бо ирсоли як мактуб Федератсияи дзюдои Тоҷикистонро огоҳ кардааст, ки ду варзишгари тоҷик – Беҳрӯз Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов дар асоси моддаи 4.1-и дастурамали “Қоидаҳои варзишӣ ва ташкилӣ”-и ФБД ба муҳлати ду моҳ аз иштирок дар мусобиқаҳои дзюдо маҳрум гардиданд.
Мутобиқи моддаи 4.1-и дастурамали “Қоидаҳои варзишӣ ва ташкилӣ”-и ФБД, ки моҳи октябри соли 2018 тасдиқ гардидааст, варзишгароне, ки дар базаи ФБД ба қайд гирифта шудаанд, бе мувофиқа ва иҷозати Федератсияи байналмилалӣ имкони иштирок дар мусобиқаҳои намудҳои дигари якҳарбаро надоранд.
Ба иттилои ФБД, ду дзюдочии тоҷик – Хоҷазода Б. ва Хусравов Х. дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар моҳи ноябри соли 2018 иштирок карда, ин банди дастурамалро вайрон кардаанд. Дар сурати такрор шудани қоидавайронкунӣ муҳлати ҷазо 2 солро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо моҳи ноябри соли 2018 дар Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов дар вазни -62кг ҷои аввал ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -74кг ҷои сеюмро ишғол карданд.
Акнун варзишгарони номбурда аз 18 апрел то 18 июн дар мусобиқаҳои дзюдо иштирок карда наметавонанд. Беҳрӯз Хоҷазода, ки дар раддабандии олимпӣ феълан дар ҷои 23-юм қарор дорад, дар ин муҳлат дар се мусобиқаи муҳим – Чемпионати Осиё-2019 (20-23 апрел), Гранд Слами Боку (10-12 май) ва Гран Прии Ҳоҳҳот (24-26 май) наметавонад иштирок кунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо дар ҳайати 7 нафар барои иштирок дар Чемпионати Осиё ба шаҳри Фуҷайраи АМА сафар кард. Ҷумҳурии моро Ёқубҷон Боқиев, Хайёмиддин Ҷабборов (дар вазни -66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Саидҷалол Саидов (-100кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.