15.04.2019
: 1462
Варзишгарони тоҷик дар 2-юм мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондои ҷаҳонӣ миёни кӯдакон, наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон сазовори се медали тилло шуданд.
Мусобиқа ба ифтихори иди Наврӯз 12-14 апрел бо иштироки варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон, дар мусобиқаи мазкур аз ҷумҳурии мо се варзишгар иштирок карда, соҳиби се медали тилло шуданд. Муниса Ойматова дар вазни -49кг миёни духтарон, Абубакр Фатҳуллоев дар вазни -49кг миёни писарон ва Алиҷон Фатҳуллоев дар вазни -26кг миёни кӯдакон ғолиби мусобиқа гардиданд.
Ба иттилои раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, варзишгарони мо дар мусобиқаи мазкур таҷрибаи иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалиро гирифтанд ва зери роҳбарии мураббӣ Шамс Қодиров барои иштирок дар мусобиқаҳои рейтингӣ омодагӣ мебинанд.