Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Панҷшер” дар даври дуюм низ пирӯз гардид

“Панҷшер” дар даври дуюм низ пирӯз гардид “Панҷшер” дар даври дуюм низ пирӯз гардид

15.04.2019

: 1074

Ду бозии даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои истироҳат баргузор шуд.

Футболбозони “Панҷшер” дар бозии даври дуюм низ ғалаба карданд. Агар дар даври аввал шогирдони Алиёр Ашурмамадов дар майдони худ бар “Истаравшан” (2:1) пирӯз шуданд, дар даври дуюм дар меҳмонӣ тими КМВА “Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Голи ягонаро Собирҷон Холматов дар дақиқаи 40-уми дидор ба ҳадаф расонд.
“Панҷшер” бо ба даст овардани шаш хол дар ду давр ҳамроҳи “Истиқлол” пешсафиро ихтиёр кард. КМВА “Помир”, ки дар мусобиқаи пеш аз мавсим Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистонро ба даст овард, феълан дар ҷои охири ҷадвали чемпионат қарор дорад.
Дар бозии ҷамъбастии даври дуюм “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ ба дарвозаи тими “Куктош” 3 голи беҷавоб зад. 3 холи аввалро дар чемпионати имсола “Регар-ТадАЗ” тавассути зарбаҳои нишонраси Ҳасан Рустамов (20-ум дақиқа), Алишер Холмуродов (45+2) ва Нозим Бобоҷонов (47) ба даст овард.
Дар ду бозии аввали даври дуюм “Истаравшан” бар “Хуҷанд” (2:1) ва “Истиқлол” бар “Хатлон” (3:1) ғалаба карда буданд.
Бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 21-22 апрел доир мегарданд. 21 апрел 3 бозӣ - «Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ», «Хуҷанд» – КМВА «Помир», «Хатлон» – «Истаравшан» ба нақша гирифта шудааст. Як бозии дигар 22 апрел баргузор мешавад - «Куктош» дар майдони худ «Истиқлол»-ро қабул мекунад.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЧЕМПИОНАТ

   ДАСТАҲО   Б   Ғ   М   Б   Т-Т   Х 
 1  "Истиқлол" (Душанбе)   2  2  0  0  7-2  6
 2  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)         2  2  0  0  3-1  6
 3  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  2  1  0  1  4-4  3
 4  "Истаравшан" (Истаравшан)  2  1  0  1  3-3  3
 5  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  2  1  0  1  2-2  3
 6  "Куктош" (Рӯдакӣ)  2  1  0  1  2-3  3
 7  "Хатлон" (Бохтар)  2  0  0  2  1-4  0
 8  КМВА "Помир" (Душанбе)  2  0  0  2  0-3  0