09.04.2019
: 1098
Дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2019 тими ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футболи толорӣ бо роҳбарии сармураббӣ Эраҷ Носеҳов дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми иттиҳод – “Ирбис” дар Қазони Руссия ширкат кард.
Дар мусобиқа дастаҳои “ПСК” (Уляновск), “Ирбис” (Қазон), “Барис” (Йошкар-Ола) ва дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) иштирок карданд.
Футболбозони мо дар даври нимфинал аз дастаи “ПСК” бо ҳисоби 2:4 шикаст хурд. Дар бозии дигари давр “Ирбис” бар тими “Барис” бо ҳисоби 13:0 пирӯз шуд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм тими ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи “Барис” бо ҳисоби бузурги 22:0 ғалаба кард. Дар бозии финалӣ “ПСК” дастаи “Ирбис”-ро шикаст дод (6:4).
Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми иттиҳод – “Ирбис” дар Қазон барои дастаи мунтахаби футболи толории Тоҷикистон (U-20) як давраи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2019, ки аз 14 то 23 июн дар Табрези Эрон доир мегардад, ба ҳисоб мерафт.